Перейти к содержимому
 

Дар назди муассисаи таълимии деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ бунёд мешавад.

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7- и деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ оғоз бахшида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки майдончаи варзишӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» бунёд мешавад.

Мутобиқи нақша, ин иншоот то охири соли 2024 мавриди истифода қарор дода мешавад. Мавриди истифодадиҳӣ қарор гирифтани он туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.