ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат.
Таъкид гардид, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбуди аҳолӣ буда, «Барномаи давлатии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ба беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии кӯдакону наврасон равона шудааст.
Ҳадафи барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.
Маблағгузории барнома бо маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва ҷалби кумаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилоти мададрасон амалӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 992 ҳазору 630 нафар хонандагони синфҳои 1-4 таҳсил менамоянд, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби онҳоро таъмин намояд.