ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Темурмалик сафар намуда, дар деҳаи навбунёди Танобчии Болои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бинои бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ин иншоот ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, ба минбаъд диққати аввалиндараҷа додан ба оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои тандурустии сокинон дар ноҳия равона шудааст.
Иншоот дар маҷмуъ аз 400 метри мураббаъ иборат буда, 85,42 метри онро бунгоҳи тиббӣ бо биноҳои ёрирасон ташкил медиҳад.
Бунгоҳи тиббӣ дорои 5 утоқи корӣ бо фарогирии 7 ҷойи кор буда, тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Дар атрофи бино зиёда аз 13 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонда шудааст. Саҳни бино дар масоҳати 200 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, атрофи бино ба масофаи 82 метр панҷарабандӣ шудааст.
Ҳамзамон дар ин рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Темурмалик бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро мавриди истифода қарор дод.
Муассиса аз 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ ва 240 ҷойи нишаст дар 1 баст иборат буда, бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ин муассиса бо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ таъмин аст.
Сохтмони муассиса соли 2021 оғоз шуда, 45 коргари маҳаллӣ бо маоши хуб ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардид. Равшаннамоии бинои таълимӣ пурра таъмин гардида, бо оби нӯшокӣ низ таъмин мебошад.