ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли равон баён гардид.
Ёдовар мешавем, ки яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад. Ва таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам бошад ба тариқи суҳбат (беимтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дастур дода шуд, ки нафароне бояд тариқи квотаи президентӣ донишҷў шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд.
Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.
Инак, 27 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Дар давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ҳамчунин, барои таҳсили донишҷўёни тариқи квотаи президентӣ дохилшуда шароити хуб фароҳам оварда шуда, онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд.
Ҳамасола раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуда, аз шарту шароит ва таҳсили онҳо огоҳ мегарданд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 1279 квота ҷудо шудааст, аз ҷумла, барои духтарон 656 ва барои писарон 623 ҷой.
Тақсимоти ҷой вобаста ба минтақаҳо чунин аст: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 149 ҷой (76 ҷой барои духтарон ва 73 ҷой барои писарон), вилояти Суғд 288 ҷой (149 ҷой барои духтарон ва 139 ҷой барои писарон), вилояти Хатлон 539 ҷой (276 ҷой барои духтарон ва 263 ҷой барои писарон) ва барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 303 ҷой (155 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон).
Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 тасдиқ шудааст, теъдоди роҳхатҳои квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд гардида, танҳо барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.
Ин иқдоми Сарвари давлат барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кўҳистони мамлакат мусоидат менамояд.