Перейти к содержимому
 

Дар деҳаи Ворӯи Панҷакент мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ворӯи Панҷакент, ки аз дурдасттарин маҳалҳои зисти шаҳр маҳсуб мешавад, бинои нави муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Муассисаи нави таълимӣ ва тиббӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», шарикони рушд аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Масудиён» бо сифати хуб сохта шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз шаш синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он 240 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Дар бунгоҳи тиббӣ низ барои фаъолияти кормандон ва қабули сокинон ҳамаи шароит муҳайё гардида, дар ҳарду муассиса хати гармидиҳии буғӣ насб шудааст.

Зимнан, дар замони истиқлол бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо дар Панҷакент 45 муассисаи таълимии нав бунёд шуда, ҳоло сохтмони бинои нави се мактаб ва беш аз 100 синфхонаи иловагӣ идома дорад.