Перейти к содержимому
 

БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Аз ҷумла дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 8 синфхонаи иловагӣ барои 400 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст ва дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, дар онҳо баҳри донишомӯзии хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ Муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти ба номи Раҳмонов Муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак ва дар деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти ба номи Раҳмонов Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои замонавӣ ва муассисаҳои томактабии дорои шароити мусоид сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба маротиб хубтар гардидааст.

Инчунин дар деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев маркази саломатӣ ва таваллудхона баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шудааст.