ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯз аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радиоҳои Тоҷикистон мустақиман пахш гардид. Паём фарогири тамоми соҳаҳои фаъолият буда, пурмуҳтаво ва ҷолибу назаррас ироа гардид.
Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Музаффар Ҳалимов иброз дошт, ки нақши маориф дар Паёми Сарвари давлат хеле возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Тавре гуфта шуд, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Дар ин самт пешорӯи аҳли маориф якчанд вазифаҳо меистанд. Аз ҷумла, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад. Бо чунин дастур пешниҳод гардидани вазифаҳо масъулияти аҳли маорифро афзуда, онҳоро ба дарёфти дастовардҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама самту соҳаҳо мебошад. Фаъолияту дастовардҳои чанд соли охири соҳибистиқлолӣ дар он хеле ҷолиб таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои оянда возеҳу мушаххас нишон дода шудаанд.