Перейти к содержимому
 

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг соҳиби 8 медали тилло шуданд.

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати нуҳуми ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг (сеҳарба), ки дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 16-17 декабр баргузор шуд, соҳиби ҳашт медали тилло ва як нуқра гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чемпионат варзишгарон аз 82 минтақаи Федератсияи Русия ва 29 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Варзишгарони тоҷик Зубайдулло Бақоев, Ойбек Бердимуродов, Шавкат Абдуллоев, Миршод Самадов, Абдумалик Абдуллоев, Ҷовидон Исмоилов, Фаррух Шокиров, Фирӯз Зарифов, ноиби раиси Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Одинаев дар вазни аз 60 то 110 кг рақобат намуда, ба ифтихори варзишгарони тоҷик 9 маротиба Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлоли мамлакат бо роҳнамоию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла пауэрлифтинг рушд намуда, варзишгарони ин ришта дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ менамоянд.