ДУШАНБЕ, 27.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу - ҷитсуи бразилӣ ( Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu - World Open Championship 2023 ) хонандаи синфи 6 Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Шерализода дар категорияи камарбанди хокистарранг, дар вазни 30 кг ғолиби мутлақ ва сазовори медали тилло гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.
Мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни 64 давлати ҷаҳон хонандаи синфи 6-и Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Шерализода ва хонандаи синфи 4-и ҳамин муассиса Мустафо Шерализода муаррифӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа Мустафо Шерализода низ ғолиб омада, сазовори ҷойи дуюм дар категорияи камарбанди хокистарранг дар вазни 30 кг гардид.