ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдоми инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба беш аз 14 000 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд кумакҳо иборат аз маводи мавриди ниёзи аввал ва туҳфаҳои идона расонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Кумакҳои навбатӣ дар заминаи ибтикори «аёдат ва супоридани туҳфаҳо» ва бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони дорои имконияти маҳдуд супорида шуд.
Дар доираи иқдоми хайрхоҳона ва дар ҳошияи ҷашнҳои дарпешистода дастовезҳои Раиси шаҳри Душанбе- иборат аз маводи ғизоӣ, либосҳои гарм ва шириниҳо ба ҳайати бошандагону таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти ибтидоии «Мактаб- интернати раками 4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати рақами 5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе, МД «Хонаи кӯдакони рақами як барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе, МД «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки рақами 1»-и шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва МД шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат тақдим шуд.
Бояд тазаккур дод, ки кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба беш аз 5000 корманди раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе низ дастрас шуданд.
Аснои супоридани кумакҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрикоти самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба бошандагони муассисаҳо ва сокинон расониданд.
Баҳраманд гардидан аз ин кумакҳо бахусус барои кӯдакону наврасон хеле хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба Раиси шаҳри Душанбе ва кулли ташаббускорони ин амали саршори хайру савоб бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиб, ки бозгӯйи дунёи беолоиши кӯдаконаи онҳо буд, ба таври самимӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имконияти маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳолӣи кумак расонида, ғамхорӣ зоҳир мешавад. Кумакҳо аз сарулибоси гарми зимистона, маводи озуқаворӣ, туҳфаҳои идона ва анвои мухталифи бозичаҳо барои кӯдакону наврасон иборат буд.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо таълимгирандагони муассисаҳое, ки аз кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳраманд гардиданд, бори дигар таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва дасти кумак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе давомдор буда, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхорӣ қарор мегиранд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона доир мешавад.
Ба ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстона имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома мебахшанд.