Перейти к содержимому
 

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба усулҳои такмили таълими забони англисӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд.

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Усулҳои такмили таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар конференсия таъкид гардид, ки дар баробари донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад. Ин забонҳо воситаи муоширати муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар буда, барои ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллӣ ва рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд.

Дар мавзуъҳои «Усулҳои татбиқкунандаи таълими муосири забони англисӣ бо истифода аз технологияи сайёру мултимедӣ» ва «Зиёиён ва масъалаҳои забоншиносӣ» аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Кори конфронс дар бахшҳои «Таҳлили муқоисавии актуалии илми забоншиносии муосир» ва «Омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз усулҳои таълими технологияи мултимедӣ» идома ёфт.