Перейти к содержимому
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Давоми як соли амал баҳри татбиқи босамари он кадом тадбирҳо андешида шуданд?

ДУШАНБЕ, 24.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» як сол сипарӣ гардид. Давоми як соли  амали он  баҳри татбиқи босамари он  кадом тадбирҳо андешида шуданд? Муҳимият ва зарурати қабули ин қонун дар чӣ ифода меёбад?  Ба ин ва чанд саволи дигар хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода посух дод.

«Ватандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Зеро ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хизмат ва муҳофизат намудани он ифода меёбад», -афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбезода, яке аз нишонаҳои дарозумрии давлат вобастагӣ ба муносибати ҷомеа ба Ватан ва арзишҳои миллии он маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар аз қадим тамоми роҳу воситаҳо истифода мешуданд, то фарзанд дар руҳияе ба камол расад, ки ҳамеша аз Ватан дифоъ намояд. Ба ин хотир, Пешвои миллат ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  мақоми ваколатдори давлатӣ муайян гардида,   бо мақсади боз ҳам дуруст ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои идеологӣ ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муҳимро рӯйи даст гирифт», -изҳор дошт номбурда.

Дар ин замина Кумита бо таҳияи механизмҳои мушаххаси корӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои идеологии мамлакат пайваста мулоқоту чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, озмуну фестивалҳои рангоранги зеҳниро дар ин самт амалӣ менамояд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсирбахш  ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мегардад.

Ҷиҳати амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мегардад, ки дар заминаи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ мешаванд.

«Ҳамзамон бо мақсади фарогирии кулли ҷавонони минтақаҳо дар чорабиниҳо ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо аз ҷониби Кумита механизмҳои гуногуни корбарӣ, аз ҷумла баргузории хонишҳои сиёсӣ байни волидайни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва омӯзгорони онҳо, ҷавонони аз 17-сола боло,  волидайни онҳо ва омӯзгорони онҳо  дар алоҳидагӣ бо ҷалби сохторҳои иделологии тобеи вазорату кумитаҳои давлатӣ тибқи ҷадвалҳои алоҳида дар як сол 2 марҳила дар заминаи ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ амалӣ шуда, чорабиниҳо дар ин самт мунтазам доир мегарданд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Инчунин Кумита дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иқдоми нав пеш гирифта, солҳои 2022 ва 2023 аз рӯйи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» ҳамоишҳо доир намуд.

Дар доираи ин чорабиниҳо баргузории фестивалу семинарҳо, тамошои ҷойҳои таърихӣ, барномаҳои консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ ва ғайра доир гардида, муҳим аз ҳама, барои шабгузаронӣ ҷойгир намудани ҷавонон дар хонаҳои истиқоматии фаъолҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ин усул имкон дод, ки ҷавонон аз манотиқи гуногун дар муҳити хонаводагии ҷавонони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ намуда, бо ҳамдигар қарин гарданд.

Воқеан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он муҳим ва саривақтӣ буда, имрӯз аз ҳамаи субъектони татбиқи қонун ва ҳамзамон кулли шаҳрвандон омӯзиши ҳамаҷониба, дарёфти механизмҳои босифату татбиқ ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқии онро талаб менамояд.