Перейти к содержимому
 

Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ба поси хотири Талабхӯҷа Сатторов оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ба поси хотири Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.

 Мусобиқаи эҷодии пианинонавозон, ки аз рӯи 3 гурӯҳи синну солӣ тибқи номинатсияҳо муқаррар шудааст, байни гурӯҳҳои I – хонандагони синнашон аз 8 то 10-сола ва гурӯҳи II — аз 11 то 14-сола гузаронида шуда, дар он 35 нафар иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас барои гурӯҳи III-  аз 15 то 17-сола 21 декабр дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мегузарад.

Озмуни мазкур  ба поси хотири композитори маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъат, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Талабхӯҷа Сатторов бахшида шудааст.

Мақсад аз доир намудани ин озмун- мусоидат ба рушди эҷоду иҷрокунандагии мутрибони наврасу ҷавон, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари асил ва асарҳои мусиқии композиторони ватанию ҷаҳонӣ, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллӣ ва маҳорату малакаи касбии наврасон, баланд бардоштани маҳорату малакаи педагогӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти композиторон ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ барои сози фортепиано мебошад.