ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Амири Давлати Кувайт табрику муборакбод менамоям.
Итминон дорам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи баланди касбии Шумо барои пешрафту шукуфоии Давлати Кувайти дӯст ва таҳкими ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон густаришу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Давлати Кувайт муҳим медонад ва онро ба ҳайси яке аз шарикони боэътимоди худ дар минтақаи Ховари Миёна ва арсаи байналмилалӣ эътироф мекунад.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории гуногунҷабаамон бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.
Дар ин зимн рағбати содиқонаи худро ба ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди самарабахши равобити ҳасанаи кишварҳоямон изҳор менамоям.
Ба Шумо, Аълоҳазрат, саломатии комилу дар иҷрои муваффақи рисолати сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми ба мо бародари Кувайт сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».