Перейти к содержимому
 

АЗ «ТОҶИКОН» САБАҚ ГИРЕМ! Академик Бобоҷон Ғафуров исбот намудааст, ки тоҷикон қадимтарин сокинони Осиёи Миёна мебошанд.

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз осори муаррихон огоҳ ҳастем, мақсади асосии омӯзиши фанни таърих маҳз он аст, ки мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ гирем. Бояд аз комёбиҳои аҷдодони худ ифтихор намуда, онҳоро ҳифз намоем ва ба ояндагон ба мерос гузорем. Афкори илмии академик Бобоҷон Ғафуровро таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки муаррих бо нашри китоби «Тоҷикон»  мехост собит намояд, ки дар ҳудуди васеи Осиёи Миёна аз замони қадимтарин ва қадим тоҷикон маскун буданд. Ин нуктаро дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аловиддин Шоинбеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. Дар зер мулоҳизаҳои номбурда дар бораи аҳамияти омўзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров пурра оварда мешавад:

— Чуноне аз мазмуну мундариҷаи китоби мазкур  бармеояд, муаррих на танҳо ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ, балки қаламрави  тамоми минтақаи Осиёи Миёна ва давлатҳои ҳамҷавори онро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Аз ин рӯ, китоби «Тоҷикон» на фақат таърихи халқи тоҷик аст, балки он таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ низ ба ҳисоб меравад.

Аксарияти бозёфтҳое, ки аз давраи асри санг, асри биринҷ ва асри оҳан ёфт шудаанд ва маданиятҳои археологие, ки дар он замон вуҷуд доштаанд, мансуб ба тоҷикон ва эронинажодҳо будаанд.

Бобоҷон Ғафуров собит намуд, ки аввалин давлатҳои ғуломдории  Суғд, Бохтару Хоразм маҳз аз тарафи аҷдодони тоҷик ташкил ва ташаккул ёфтаанд.

Ӯ исбот намудааст, ки ҳудуди васеи Осиёи Миёна ва мулкҳои ҳамсояҳои он сарзамини тоҷикон буданд, вале мутаассифона, бо ҳуҷумҳои пай дар паю ғоратгаронаи шоҳону ҳокимони он давра тоҷикони муқимии кишоварзу сулҳхоҳ ва дорои маданияти воло мулкҳои аҷдодии худро аз даст доданд.

Маҳз ҳамин беадолатиҳои таърих аллома Бобоҷон Ғафуровро водор намуд, ки тавассути иншои китоб нишон диҳад, ки тоҷикон қадимтарин сокинони Осиёи Миёна мебошанд. Дар яке аз қисматҳои асараш бо далелу асноди хеле дақиқ ва олимона навиштааст, ки Осиёи Миёна нахустватани ориёиҳо аст ва онҳо маҳз аз Осиёи Миёна ба дигар минтақаҳои дунё ҳиҷрат намудаанд.

Бобоҷон Ғафуров кӯшиши азиме ба харҷ додааст, то исбот намояд, ки давлати ғуломдории Кўшониён ва Тоҳириён, ки дар муддати зиёда аз 600 сол дар пешрафти иқтисодии Осиёи Миёна нақши калон бозиданд, туркнажод набуда, балки қавмҳои ҳиндуаврупоӣ буданд ва муаллиф барои муайян намудани мансубияти этникии Кўшониён хизмати шоёне анҷом дода буд.

Дар китоби «Тоҷикон» исбот гардидааст, ки давлатҳои феодалии Ҳайтолиён, Хиёниён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғурриён давлатҳои аҷдодони тоҷикон буда, дар рушду пешрафти Осиёи Миёна саҳми калон гузоштаанд.

Олими шинохта тавассути китоби безаволи худ «Тоҷикон» муборизони ватан, аз қабили Томирис, Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмаликро ҳамчун қаҳрамони халқи тоҷик нишон додааст.

Хулоса, ҳар фарди тоҷик вазифадор аст, ки аз таърихи миллати худ сабақ гирад.

Мо, тоҷикон бояд аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров сабақ гирем ва донем, ки тоҷикон ҳамчун халқи қадимтарини муқимию кишоварз ва бофарҳанг дар гирудори таърих мулкҳои зиёди худро аз даст додаанд. Аз ин рӯ мо бояд имрӯз дар баробари рушди илму фарҳанг иқтидори муҳофизатии давлати худро баланд бардорем.

Китоби «Тоҷикон» водор месозад, ки мо бояд тоҷики ватандӯсту мубориз, озодандешу озодфикр, содиқу садоқатманд бошем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва муҳофизони ҳақиқии Ватани азизамон бошем.