Перейти к содержимому
 

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ бунёд мешавад.

ДУШАНБЕ, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бунёди муассисаи томактабӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Муассиса бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ ва кумитаи падару модарон ба таври муташаккилона бунёд мешавад.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ идома доранд.

Бинои муассисаи нави томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ гардидааст.