Перейти к содержимому
 

Ба адабиётшиноси тоҷик Дипломи байналмилалии ба номи Шекспир тақдим гардид.

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи умумиҷаҳонии нависандагон, ки марказаш дар шаҳри Мюнхени Олмон қарор дорад, бо пешниҳоди Шурои ҳайати таҳририяи тазкираи адабиёти муосири халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба адабиётшиноси маъруфи  тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов Дипломи байналмилалии ба номи Шекспиррро  сазовор донист.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, диплом бо имзои президенти  ин иттиҳодия  Лио Гимелзон ба адиби тоҷик, роҳбари Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар таҳия ва таҳрири тазкираи сеҷилдаи адабиёти муосири халқҳои ИДМ  дода шудааст.

Дар диплом омадааст, ки Иттиҳодияи умумиҷаҳонии нависандагон  шарики ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО дар маҳфилҳои  Муниш ва Мюнхен мебошад, ки қитъаҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Осиё, Африқо, Австралия ва Антарктидаро фаро мегирад.

Бори аввал аст, ки адиби тоҷик бо чунин дипломи сатҳи  баланд мукофотонида мешавад.  Чунин ҷоизаи шоиста ҳосили заҳматҳои сазовори эҷодии адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов мебошад.