ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, ба дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон равона гардидааст.
Ҷоиза аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон барои хизматҳои гуногун дода мешавад.
Аз ҷумла, барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ғарқшавӣ, сӯхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра), ҳифз ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои ногаҳонӣ, пешгирии амалҳои террористию экстремистӣ ва омилҳои номатлуб, барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кумаки фаъолона ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ғайра дода мешавад.
Ҷоиза аз рўйи тартиби зайл баҳогузорӣ мешавад:
— Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
— Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
— Барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ-компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
— Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
— Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад);
— Эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ (тамоми навъҳои ҳунармандии миллӣ бо пешниҳоди корҳои амалии иҷрошуда);
— Техникону технологон ва навоварон (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ намудани чор самти стратегии мамлакат, кам нвмудани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва таҳқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст намудани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ).
Бо ин ҷоиза шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Довталабон ҳуҷҷатҳои худро метавонанд мутобиқ ба талаботи Низомномаи «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» омода намуда, ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3 (собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) то 25 декабри соли 2023, соати 17:00 ирсол намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Кумита javononvavarzish.tj ва саҳифаи фейсбукии Кумита бо номи «Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрас намоянд.