ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва роҳбарияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» байни се қишри ҷомеа аз ҳисоби сокинони шаҳри Бӯстон озмуни шаҳрии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомот.
Дар озмун омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ, донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил, хонандагони синфҳои 9-11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда метавонанд.
Ғолибон бо асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қадршиносӣ мегарданд.
Мақолаҳо ба кабинети методии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон пешниҳод мешаванд. Муҳлати охирини қабули мавод 20 декабри соли равон мебошад.