Перейти к содержимому
 

Фаъолияти муассисаҳои типпӣ нав.

Соли  таҳсили 2023-2024 барои хонандагону аҳли омӯзгорони Гимназияи 2-юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли бобарор омад. Зеро таълимгирандагони ин макони илму дониш ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуданд. Дар Гимназияи  мазкур 985 хонанда таҳсил менамояд, ки ба онҳо 57 омӯзгори соҳибтахассус  таълим медиҳанд. Ҳамин аст, ки  соли равон дастаи олимпии таълимгоҳ ба дастовардҳои хуб ноил гардиданд.Хонандагон аз рӯи 13 фанни  таълимӣ дар олимпиадаи даври ноҳиявӣ ширкат варзида 80 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардида, ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.Ҳамзамон хонандаи Гимназия Исломиддин Собиров дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат" ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Аз дастовардҳои хонандагон масъулин ва омузгорони Гимназия ифтихор доранд ва минбаъд низ азм доранд, то сатҳу сифати таълиму тарбияро хубтару беҳтар намоянд.