Перейти к содержимому
 

ҲАФТАИ МӮДИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе фасли 11-уми он оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии «TZ»  дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон дода шуда, дар он тарроҳон аз Тоҷикистон, Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо  мегузоранд.

Дар маҷмуъ дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 16 тарроҳ ва брендҳои машҳур иштирок доранд. Дар ҷараёни баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 7 тарроҳ аз Тоҷикистон иштирок ва коллексияи нави худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.

Баргузории Ҳафтаи мӯд таҷрибаи пешқадами соҳа дар бисёр давлатҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, соли шашум аст, ки  дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.