ДУШАНБЕ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими нави гулкарам, ки сабзавоти хуби ғизоӣ мебошад, оғоз шудааст. Имрўзҳо ин сабзавот дар бозорҳои мамлакат фаровон гашта, як киллограми он аз 4 то 5 сомонӣ нарх дорад. Ба бозорҳои пойтахт ин маҳсулоти кишоварзиро бештар деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Рўдакӣ ва Ваҳдат пешниҳод намуда истодаанд. Дар таркиби гулкарам 8-11,7 % моддаҳои хушк, 1,7-4,2 % қанд, 1,6-2,5 сафеда, 0,1-0,2 мг каротин, 0,3-0,7 % нитроген, 0,7-0,8 % хокистар, инчунин витаминҳои С (50-170 мг%), В1 (0,09-0,22 мг%), В2 (0,05-0,25 мг%), натрий, калий, калсий, магний, фосфор ва ғайра мавҷуд мебошанд, ки ба саломатӣ фоида дорад. АМИТ «Ховар» оид ба фоиданокии истеъмоли гулкарам ба саломатии инсон ва тарзи парвариши он маълумот медиҳад.
Бояд гуфт, ки гулкарамро ҷӯшонда, бирён намуда ва дам дода истеъмол менамоянд. Ин сабзавот нисбат ба дигар анвои карам зудҳазм буда, луобпардаи меъдаро намеангезад. Гулкарам бахусус ҳангоми бемориҳои меъдаву рӯда ва чун ғизои кӯдакон манфиатовар аст. Ҳангоми суст будани тарашшуҳоти меъда истеъмоли ғизоҳои обпазе, ки аз гулкарам таҳия шудааст, фоиданок аст. Онро ҳангоми реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон низ муфид мешуморанд. Ба гирифторони бемории диабети қанд низ истеъмоли гулкарам тавсия дода мешавад. Истеъмоли гулкарам барои шахсони гирифтори ниқрис (подагра) зиён дорад.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, парвариши гулкарам дар Тоҷикистон солҳои 50-уми асри 20 дар водии Ҳисор оғоз ёфт. Дар ҷумҳурӣ асосан навъҳои «Ватанӣ» (миёнапазак- 100—110 рӯз) ва «Барфак» (тезпазак- 90-100 рӯз) парвариш карда мешаванд. Ниҳоли гулкарамро дар ду давра — баҳор (моҳи май мепазад) ва тирамоҳ (моҳи сентябр — ноябр мерасад) мешинонанд.
Барои тайёр кардани ниҳоли баҳорӣ пеш аз кишт ба тухмӣ дору пошида, охири декабр ва аввали январ дар гармхона мекоранд. Ниҳоли гулкарами тирамоҳиро аввали июл дар гармхона (ба ҳар 1м2 10-12 г, ба ҳар га 350—400 г тухмӣ кошта мешавад) тайёр менамоянд. Гулкарам ба сармо (2-3°С) нисбатан тобовар буда, тухми он дар ҳарорати 5-6°С неш мезанад. Ин сабзавот дар ҳарорати 18-20°С хуб нашъунамо мекунад. Ҳангоми аз 25°С боло рафтани ҳарорат гули гулкарам бордор намешавад. Аз ин сабаб дар шароити иқлими Тоҷикистон тухм ҳосил кардани гулкарам душвор аст.
Барои рушди хуби гулкарам замини ҳосилхез, нурӣ ва нами муътадили хок (70-80 %) зарур мебошад. Барои гулкарам лӯбиёиҳо, бодиринг, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва картошка кишти барвақтӣ мувофиқ мебошад. Заминро барои шинондани ниҳол қаблан омода бояд намуд.
Тирамоҳ ба ҳар га 25-30 т поруи пӯсида ва 3-4 сентнер суперфосфат андохта, шудгор мекунанд. Пеш аз шинондани ниҳолҳо заминро дубора шудгор ва мола карда, ҷӯяк мекашанд (масофаи байни ҷӯякҳо 60 см). Бо мақсади гирифтани ҳосили баҳорӣ ниҳолро охири феврал ва аввали март, барои ҳосили тирамоҳӣ охири июл — аввали август шинондан лозим аст.
Хоки байни қаторҳои гулкарамро нарм, алафҳои бегонаро нест ва бехи ниҳолҳоро хокпош карда, об мемонанд. Аз таъсири офтоб ранги сараки гулкарам мепарад, бинобар ин, баробари 2-3 см шудани андозаи сарак, рӯи онро бо баргҳои канорӣ соя кардан лозим.
Тухми гулкарамро бевосита ба ҷӯякҳо низ коридан мумкин аст. Решаи гулкараме, ки аз тухм сабзидааст, устувор, саракаш калон ва пур мешавад. Гулкарамро баъди ҳар 2-3 рӯз меғундоранд.
Барои чиркин нашудану осеб наёфтан саракҳои гулкарамро якҷо бо 2-3 барг бурида мегиранд. Аз ҳар га карамзор 150—180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад.
Гулкарам аслан аз кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин дар ҷаҳон паҳн гардидааст. Аввалҳо онро карами суриёӣ мегуфтанд. Ибни Сино истеъмоли карами суриёиро дар зимистон ғизои муфиду шифоангез мешуморид. Гулкарамро бори нахуст набототшиноси араб Ибни Байтор тавсиф намудааст. Онро фақат дар Сурия ва дигар мамолики араб парвариш менамуданд.
Асри 12 гулкарамро арабҳо ба Испания бурданд. Баъдтар он аз Сурия ба Кипр бурда шуд. Дар Кипр парвариши гулкарам ривоҷу равнақ ёфт ва ин кишвар садсолаҳо мамолики Аврупоро бо тухмӣ таъмин менамуд.
Асри 14 баъзе навъҳои гулкарамро дар Франсия, Италия, Ҳолланд ва Англия низ мепарвариданд. Тақрибан 200 сол қабл гулкарам аз Ҳолланд ба Русия бурда шуд. Феълан гулкарам дар тамоми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Хитой ва Ҷопон парвариш карда мешавад.