Перейти к содержимому
 

«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмоту шашка қадрдонӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 48 нафар ғолибу ҷоизадори Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмоту шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо туҳфаҳои пулӣ аз 1000 то 6000 сомонӣ, медал, диплом ва ҷом қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусобиқа соли панҷум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар чор марҳила доир гардида, бо шукуҳи хосса ҷамъбаст мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ ва ба ҳозирин барои иштироки фаъолона ва ғолиб омадан арзи сипос намуд.

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ»-и Кумита доир шуд.