Перейти к содержимому
 

ТАМОШОИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ БО ВОЛИДАЙН. Ба ҳукми анъана даромадани он дар тарбияи ватандўстии фарзандон нақши муҳим мегузорад.

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ шуда, 25 июни соли 2018 ифтитоҳ гардид, ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Онҳо аз дўкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Истаравшан мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Баъди навсозии ин қалъа даҳҳо нафар ҳунармандон дар ин ҷо бо ҷойи кор ва шуғл таъмин гашта, сатҳи зиндагии худро боло бурдаанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Тамошои «Қалъаи Муғ» ҷиҳати омўзиши таърихи халқи тоҷик, муборизаи беамони он дар ҳифзи марзу буми хеш аз душманон, ҷонфидоии фарзандони ин миллат дар роҳи дўст доштани Ватан, ки ҳар порча сангу хишти ин макон аз он далолат медиҳад, барои сокинони мамлакат, бахусус барои насли наврас ва ҷавонон басо манфиатовар аст. Хуб мешуд агар масъулин ҷиҳати ташкили тамошои дастаҷамъонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешиданд, зеро дўст доштани Ватан аз донистани таърихи он шуруъ мешавад. Боиси таассуф аст, ки волидайни мо ҳанўз ҳам якҷоя бо фарзандон ба тамошои чунин ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ омаданро, ки дар тарбияи ватандўстии онҳо нақши назаррас гузошта метавонад, ба анъана табдил надодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли 2018 зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар маросими ба истифода додани «Қалъаи Муғ» иштирок намуда, таъкид сохтанд, ки «яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Таҷдиду барқарорсозии ин ёдгории фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд».

«Донишмандон чунин мешуморанд, ки таърихи гузаштаи мо намунаи шаҳреро чун Истаравшан — шаҳри иборат аз қалъаҳои зиёд дар ёд надорад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан то замони мо шумораи зиёди чунин қалъаҳо ҳифз шудаанд, ки ҳамагӣ исботи шаҳомати таърихии ин шаҳри бостонӣ мебошанд. Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд.Дар миёни ин ёдгориҳо ҷойгоҳи Қалъаи Муғ ё Муғтеппа қобили таъкиди махсус аст», -тазаккур доданд Пешвои миллат .

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии корҳои навсозии қалъа беш аз 13 миллион сомонӣ ва масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар ин маҷмааи таърихию фарҳангӣ бинои амфитеатр сохта шудааст, ки дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки «Қалъаи Муғ» ба асри панҷуми то милод пайванд дорад. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ амалӣ гардида, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда шуд.

Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд. Хотиррасон мешавем, ки дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат ба роҳбарону масъулон супориш доданд, ки дар ҳудуди Қалъаи Муғ шумораи ҳарчи бештари дӯконҳои ҳунармандиро бунёд намоянд, то ки ҳунармандон дар онҳо ҳам ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба ин шаҳр ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд.

«Дар атрофи «Қалъаи Муғ» имконият барои ҷой кардани дӯконҳои ҳунармандон бо 300 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Ин беҳтарин роҳи муаррифии ҳунарҳои миллии мо, дастовардҳои ҳунармандони шаҳр ва дар айни замон, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум мебошад»,- таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Тибқи ин дастури Пешвои миллат дар ин иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон, пешбинӣ шудааст.

Ҳоло ҳунармандон дар ин ҷо маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, аз ин ҳисоб манфиати хуби иқтисодӣ мебинанд.