Перейти к содержимому
 

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид.

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Фариноз Абдуллоева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки  Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон  бо иштироки 448 варзишгар аз 58 давлат аз 24 ноябр то 4  декабри соли равон  дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид.

Муҳорибаҳо дар 26 вазн (13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон) доир гардид.

Хотиррасон мешавем, ки  Фариноз Абдуллоева дар вазни то 52кг дар ду рақобати мушкил бар варзишгарони Полша ва Қазоқистон ғалаба намуда, дар финал аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби  бокси Тоҷикистон дар ҳайати 9 варзишгар  иштирок намуд.