Перейти к содержимому
 

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад.

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 декабр бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и   Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и  Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00  шаб  оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки дар ҳоли ҳозир  дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал буда, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Дастаи «Персеполис»-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷой гирифтааст.