ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардида, дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин маросим.
Аз ҷумла, хонандаи синфи 10-и Гимназияи рақами 1-и шаҳри Бохтар Мирмуҳсин Мирдодоев, донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Навраста Дӯстова ва сарбоз аз ноҳияи Данғара Ҳасани Назар ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун мушарраф гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён сухан гуфта, баргузории озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон амри зарурӣ донист. Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ëдовар мешавем, ки озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар даври чоруми он 115 нафар довталаб иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон- 24 нафар, вилояти Суғд- 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 24 нафар ва аз шаҳри Душанбе 24 нафар иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун- арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.