Перейти к содержимому
 

Дар Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор ду бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ ёфт.

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои Чинор ва Ҳалқарӯди Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор ду бинои иловагии мактабҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 61 ва 65  ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Биноҳои мактабҳо дар доираи лоиҳаи CASA-1000 бунёд ёфта, дар  маросими ифтитоҳи онҳо Раиси шаҳри Ҳисор, кормандони дастгоҳи ҷамоат, намояндагони лоиҳа ва бунёди миллии маблағгузории иҷтимоии Тоҷикистон, пудратчии сохтмон – ҶДММ «Нури Неъмат», пиру барнои деҳа ва устодону шогирдони муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси шаҳр сокинони деҳаҳои Чинор ва Ҳалқаруд, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилотии рақамҳои 61 ва 65-ро бо ин рӯйдоди муҳим муборакбод гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинон ба сарпарастони Лоиҳа,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки «САSА-1000» бузургтарин лоиҳаи энергетикӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа созишномаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки иловатан дар марзҳои чор давлате, ки хати интиқоли барқи САSA-1000 аз он мегузарад, амалӣ мешаванд.

Масъулони лоиҳа ба мушкилии сокинони Ҷамоати деҳоти Ориён расидагӣ намуда, дар деҳаи Ҳалқарӯд, ки қариб 2400 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамояд ва дар деҳаи Чинор, ки зиёда аз 2400 нафар аҳолӣ сукунат доранд, дар ду ошёна 7 синфхона бо 336 ҷойи нишаст ва 2 утоқи корӣ барои омӯзгорон бунёд намуданд.

Маблағи умумии сохтмони ду бинои иловагии мактабҳо беш аз 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳр ва намояндагони Лоиҳа бо устодону шогирдони муассисаҳо суҳбат намуданд ва изҳори итминон доштанд, ки омӯзгорону хонандагони муассисаҳо ба қадри ғамхориҳои Пешвои миллат мерасанд, ба таҷҳизоту воситаҳои аёнӣ назари ғамхорона зоҳир ва аз онҳо самаранок истифода менамоянд ва бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибкасбу соҳибилм мегарданд ва оянда ба миллату давлати хеш содиқона хизмат менамоянд.