Перейти к содержимому
 

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Коргоҳи дӯзандагии Литсеи касбӣ- техникии ноҳияи Шуғнон хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд.

ДУШАНБЕ, 28. 11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин  намудани сару либоси ягонаи мактабӣ ва ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дӯхти либоси мактабӣ амалӣ мешавад. Дар ҳамин замина соли аввал аст, ки дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон» коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай соли равон аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия бо ин корхона шартнома баста шуда, ба ҳолати имрӯза зиёда аз ҳазор ҷуфт сару либоси мактабӣ барои хонандагони ноҳия дӯхта шудааст. Ҳоло низ дар ин корхона чеварон ба дӯхти либоси мактабӣ машғул мебошанд.

Дар Литсеи касбӣ-техникӣ бахшҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагию дуредгарӣ амал намуда,  барои омӯзиши ҳаматарафаи ин ихтисосҳо ҳам омӯзгорони ботаҷриба ва ҳам таҷҳизоти пешрафта мавҷуд аст.

Имсол мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ техникаву таҷҳизоти муосир дастрас шуда, дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шуд.