ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябрз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Зимни он гуфта шуд, ки парчам давоми садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки вақте ба таърихи гузаштаи халқамон назар меафканем, мебинем, ки ниёгонамон зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу бум ва сарзамини худ ҷонбозиҳо намудаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки эҳтироми аҳли маорифи мамлакат ба рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъйю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохтани Парчам давлати азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.