Перейти к содержимому
 

НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудааст ва ҳоло он ҳамчун яке аз нигораҳои таърихи нави давлатсозии миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябр) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Фирдавси Абдулҳамид суҳбат намуд, ки манзури хонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Тавре аз таърих бармеояд, тоҷикон аз замонҳои пеш аз  мелод соҳиби парчам буданд. Сарчашмаҳои таърихӣ  дар ин маврид чӣ мегўянд ?

Фирдавси Абдулҳамид: Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.

Тибқи ахбори муаррихон, «Дирафши Ковиён» солҳои дароз чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимии ориёиҳо — Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён будааст.

Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштанд. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷон супоридаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфта буданд, ки «Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо аст».

АМИТ «Ховар»: Хуб мебуд дар хусуси намо ва рангҳои парчам (дирафш)-и давлатии ниёгонамонро шарҳ медодед.

Фирдавси Абдулҳамид: Ниёгони мо, Ҳохоманишиҳо (солҳои 558-330 то милод) дар таърихи инсоният яке аз нахустин Империя созмон додаанд, ки онҳо парчами хоси худро доштанд. Парчами онҳо ранги сурх дошт ва бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шуда, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода тасвир шуда буд. Уқоб дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун нишонаи қудрату тавоноӣ, қадимтарин рамзи ориёиҳо мебошад. Яъне парчами Ҳохоманишиҳо бо рангу тасвирҳояш баёнгари империяи неруманди замонро дорад.

Дар даврони Сосониён (солҳои 224-651) шакли парчами ниёгони мо каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи зарин — мурғи ҳумо таҷассум ёфта, дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дошт ва дар бахши мураббаъи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Ҳамзамон дар ин давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро  чилипосалиб ба чор бахш тақсим менамуд.

Ҳоло намунаҳои дирафши Ҳахоманишиҳо ва Сосониён (шакли бозсозишуда) дар гӯшаи ёдгориҳои ин давраҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи таърихи таҳияи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ва ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудани  он  каме маълумот медодед.

Фирдавси Абдулҳамид: Даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (9 сентябри соли 1991) мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ –  бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора –  лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.

24 ноябри соли 1992  дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидем.

Хушбахтона, дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.

Ҳифз намудан ва ба экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон расонидани ин нигораи арзишманд таърихи хоси худро дорад. Матои Парчами нахустин бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ аз ҷониби корманди масъули Шурои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров солҳои зиёд эҳтиёт ва ҳифз шуда, сипас зимни таҷлили 15–солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд.

Соли 2007 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид.

Ҳоло «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами осорхонавии КВ-12823/2 дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад.

Парчами мазкур матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 сантиметр ва баландии он 85 сантиметр мебошад.

Парчам дар гӯшаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ  ба таври парафшон гузошта шуда, нигораи марказии ин гӯшаро ташкил медиҳад.  Дар  атрофи Парчам аксҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ  пешниҳод шудаанд, ки бо дидани онҳо мо аз ҷараёни ин иҷлосия боз ҳам хубтар огоҳ мешавем.

АМИТ «Ховар»: Моҳияти гиромидошти Парчами давлатӣ  дар чист?

Фирдавси Абдулҳамид:  Парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ дар ҳама давру замон барои муттаҳидсозии мардум хизмат намудааст. Имрӯз ҳам Парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ гӯшаи доимамалкунанда бо нигораи нодири таърихӣ – «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шудааст.