Перейти к содержимому
 

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) аввалин бозии санҷиширо бо ҳамсолони худ аз Русия доир намуд.

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) оид ба футбол аввалин бозии дӯстонаи ба нақша гирифтаро бо дастаи Русия анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи наврасони Русия – 3:0 анҷом ёфт.

21 ноябр дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозии дуюми санҷишиашонро анҷом медиҳанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 11:00 оғоз мегардад.