ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Русия Борис Елтсин Фестивали дӯстии халқҳо ба анҷом расид, ки дар маросими ҷамъбасти он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар он намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дар якҷоягӣ бо ҳамраиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иштирок намуданд.
Дар марҳилаи ҷамъбасти фестивал, ки аз ҷониби Созмони донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал доир шуд, намоишгоҳи таомҳои миллӣ, аз ҷумла таомҳои тоҷикӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки намояндагони ҳар ҷомеаи донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид.
Дар саҳна дастаи ҳунарии донишҷӯёни тоҷик низ дар сатҳи баланди бадеӣ ҳунарнамоӣ намуд.
Дар ҷараёни фестивал ҷомеаҳои донишҷӯён ҳамдигарро бо фарҳангу анъанаҳои мардум ва давлати хеш шинос намуданд.