ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 27 патенту нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти ОсиёАврупо барои ихтироот ба даст оварданд. Ҳамчунин 5 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот низ гирифта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд, дар ин давра олимони академия таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 1990 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 100 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1890 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1740 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 150 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расонида шуд.