Перейти к содержимому
 

Охири моҳи ноябр дар Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Даври чоруми озмун тариқи барномаи махсуси компютерӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия гардидааст, гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври чоруми озмун чӣ гуна баргузор мегардад

Ба иттилои манбаъ, дар даври чорум саволҳои иштирокчиён тариқи барномаи комютерӣ дода шуда, иштирокчиён ба он шифоҳӣ ҷавоб дода, баҳои онҳоро ҳакамон тариқи комютер мегузоранд. Яъне бо мақсади шаффоф гузаронидани ин давр баҳои онҳо низ дар компютер сабт мешавад.

Ҷиҳати шаффофияти озмун назорати ҷиддӣ ва доимӣ бурда мешавад

Ҳамзамон вобаста ба баргузории озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» бо иштироки раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир гардид.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани даври чоруми озмун бояд ба ягон хатоӣ ва камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ гузаронида шавад.

Дар се даври озмун чанд нафар довталаб иштирок намуд?

Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Озмун соли аввал ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Барои  баргузории озмун  як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидааст

Ёдовар мешавем, ки барои  баргузории озмун  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ  ҷудо гардидааст.