Перейти к содержимому
 

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.

Бо пурра татбиқ шудани лоиҳаи мазкур, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд. 

Дар марҳилаи аввал, ки дар доираи татбиқи ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, 7 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Зарзамин ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

Об аз 2 чоҳи амудӣ аз умқи 150 метр тариқи насосҳои махсус бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин тавассути қубурҳои махсуси обгузаронӣ то масофаи беш аз 2 ҳазор метр оварда шудааст. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳилаи дуюм низ бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.

Мутобиқи маълумот дар марҳилаи дуюми лоиҳа бо насби 2 насоси иловагии обкаш ва кандани 2 обанбори ғунҷоишашон 500 метри кубӣ боз 7 ҳазор нафар сокини деҳоти Зарзамин бо оби ошомидании босифат таъмин мешаванд.

Амалишавии марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” дар рӯзҳои таҷлил аз 31 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон маънидод гардид.