Перейти к содержимому
 

Хизмат ба Ватан шараф аст.

Дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рўдакӣ маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2023 бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, афсарону сарбозон ва наздикону пайвандони навдаъватшудагон сурат гирифт. Нахуст дар ин тадбир масъулин ба сухан баромада иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои  бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсус, таъмин бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар идома навдаъватшудагон дар назди ҳозирин савганди ҳарбӣ ёд намуда, иброз доштанд, ки дасти ҳам гирифта баҳри ҳифзи ин сарзамин мардонаву далерона камари ҳиммат мебандем.