Перейти к содержимому
 

«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд.

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе барномаи  фарҳангӣ-маърифатии «Вохӯрии се насл» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он вохӯрии самимӣ, гуфтугӯи озоди се насл–намояндагони фаъоли ноҳияҳои шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар барнома ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамо Зарипова иштирок намуда, ба насли ояндасози давлату миллат аз таҷрибаи бою ғании худ тавсияҳои муфид дод.

Тазаккур дода шуд, ки мардуми асилу заҳматқарини Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳазору сад орзуву армони ношикастаи сарзамини хеш ва пайванд бо торҳои маънавии аҷдодӣ пайи ободии Ватан қадам бардошта, талош менамоянд, ки иқдоми Пешвои миллатро бобати баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷавонон тариқи амалӣ намудани ҳамкории васеи ҷомеа амалӣ созанд. Ин аст, ки намояндагони се насл бо майли тамом дар ин ҳамоиш гирд омаданд, то бо ҳам гуфтугӯ намоянд, аз таҷрибаҳои ҳамдигар баҳра гиранд, ҳуқуқу масъулиятро бишносанд ва насли ояндаи созандаву бунёдкорро ба роҳи дуруст роҳнамун созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: «Занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд».

Дар чунин суханони пурмуҳтавою рамзии Пешвои миллат ишора ба се насл шудааст, яъне модар, зан ва фарзанд.

Инчунин дастаи ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо барномаи фарҳангӣ ва таронаҳои дилошӯб хотири ҳозиринро шод намуданд.