Перейти к содержимому
 

Боздид аз Боғи миллӣ.

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуданд.

Ҳадафи боздиди Сарвари давлат аз Боғи миллӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар Боғи миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд.

Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.

Дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардон ба иқлим шинонида шудааст. Инчунин ҳамаи гармхонаҳо навниҳол ва гулҳои мавсимию бисёрсола парвариш мекунанд.

Баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҶДММ “Пайванд” ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Аксари дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарврӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектаро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ  ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш доданд, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.

Мавриди зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти рақами 149 “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” қабул гардидааст.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар майдони 2542 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ва плантатсия дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2023 идома дода мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо боғдорон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои куҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.