Перейти к содержимому
 

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 30 октябр дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад.

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вобаста ба баргузории озмун дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  доир шуд.

Дар он Вазири маориф ва илм, аъзои комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Сараввал Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос намуд.

Гуфта шуд, ки озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба  дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин дархост гардид, ки дар ҷараёни озмун шаффофият таъмин ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад.

Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.