Перейти к содержимому
 

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Имрӯз хурдсолон метавонанд намоиши «Қанотҳои озодапаланг» ва «Маликаи шӯх»-ро тамошо намоянд.

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 октябр дар доираи Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл»  намоиши «Қанотҳои озодапаланг»-и Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон пешкаши тамошобинон мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Инчунин имрӯз, соати 15:00 намоиши «Маликаи шӯх»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад.

Сипас иштирокдорони фестивал ҷойҳои зебоманзари шаҳри Душанбе ва Кохи Наврӯзро тамошо менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр кормандони Театри лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистонро бо нону намак ва расму оини  тоҷикӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳунарпешагони Театри лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иштирок дар Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтар «Чодари хаёл», ки аз 24 то 28 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки театрҳои Русияву Қазоқистон, Узбекистону Эрон ва Туркманистон баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.