Перейти к содержимому
 

Дар Хатлон Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид, ки он ба Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  иштирок  намуд.

Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар вилояти Хатлон бо лоиҳаҳо ҳамкорӣ доранд, маҳсулоти истеҳсоли худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилоти хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасонии худро пешниҳод намуданд.

Дар фестивал 841 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок  намуданд.