Перейти к содержимому
 

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории ҳамоиш оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

Гуфта шуд, ки тарбияи шаҳрвандони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Тоҷикистон ва самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиши сиёсӣ ҷавонони донишгоҳ бо изҳори сипос иброз доштанд, ки “мо ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободии ин сарзамини куҳанбунёд саҳми арзанда мегузорем”.

Дар интиҳои ҳамоиш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва як зумра ҷавонони фаъоли донишгоҳ барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон супорида шуданд.