21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ба Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ташриф оварда, бо нашъунамои боғоти пиставу олуи сиёҳи содиротӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир шинос шуданд. Маҷмааи агросаноатӣ дар масоҳати 20 гектар соли 2021 бунёд ёфтааст.
Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки аз маҷмӯи заминҳои дар ихтиёрдоштаи ҷамъият 5 гектараш боғи писта, 4 гектар олуи сиёҳ, 5 гектар боғи интенсивӣ ва боқимондаро боғоти гелосу зардолу ташкил медиҳад. Ташкили боғот дар ин мавзеъ бо назардошти талаботи замон бунёд шуда, дар ин ҷо ниҳоли меваҷоте парвариш меёбанд, ки ҳамагӣ содиротиянд.
Қобил ба зикр аст, ки боғи писта бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ бунёд шуда, айни ҳол ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд. “Марҷони кӯҳӣ” ва “Хандонак” аз навъҳои ин мева аст, ки дар ин боғ парвариш ёфта, дар синни 5-6 солагӣ ба ҳосил медароянд. Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, дар ин синну сол ин навъҳои писта дар шароити сунъӣ, яъне боғӣ ба ҳосил даромада, мувофиқи дурнамо, дар синни 25-30-солагӣ аз як гектар 60-70 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси бунёдкорони боғ ҷиҳати ташкили боғу токзорҳо дар заминҳои бекорхобида изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаи олии пайгирӣ аз иқдомоти созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои боғи навбунёди олуи сиёҳ, ки 4 гектари ин минтақаи агросаноатиро ташкил медиҳад, шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар боғи олуи сиёҳ пайванд гузаронида шуда, таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад.
Аз он ки иқлими ноҳияи Муъминобод барои парвариши олу мувофиқ аст, тибқи гуфтаи деҳқонону мутахассисон, ин навъи дарахтон аллакай дар синни 3-солагӣ ба ҳосил медарояд. Маҳсулоти ин боғ содиротӣ буда, дар бозори дохиливу берунӣ харидорони худро дорад. Ҳоло ниҳолони олуи сиёҳ дар ҳоли хуби рушд қарор дошта, нигоҳубини он мувофиқ ба қоидаҳои боғпарварӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат зимни боздид ба масъулин ҷиҳати риояи дурусти қоидаҳои парвариши олуи сиёҳ дар ин минтақаи кӯҳӣ тавсияҳои муфид доданд.
Баъди боздид аз фаъолияти боғоту иншооти истеҳсолии Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”, Пешвои миллат дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки барзгарони ноҳияи Муъминобод ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ҳамеша даст ба кор буда, дар ин давра бо дарназардошти ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15 ҳазору 262 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд.
Аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, 11 ҳазору 209 гектараш ғалладонагиҳо, 654 гектар картошка, 917 гектар зироатҳои техникӣ, 627 гектар сабзавот ва 193 гектар полезӣ мебошад. Аз он ки ноҳияи Муъминобод минтақаи аграрӣ аст, саҳми деҳқонони ин ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас буда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда низ ҷойгоҳи хоса доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 26 ҳазору 315 тонна, картошка 10 ҳазору 887 тонна, полезӣ 4 ҳазору 193, сабзавот 15 ҳазору 98, меваҷот 10 ҳазору 700 ва ангур 2 ҳазору 370 тоннаро ташкил додааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ба деҳқонон изҳори миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ноҳияи Муъминобод барои гирифтани ҳосили фаровони ҳама намуди маҳсулот иқлими мусоид дорад, аз ин рӯ, бо истифода аз ҳавои мусоид кишоварзонро зарур аст, ки аз гузашта дида пурмасъул бошад ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми худро гузоранд.
Дар бахши чорводорӣ низ ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои рушдкарда ба шумор рафта, дар ноҳия бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ чораҳои мушаххас рӯи даст гирифта шудааст. Айни ҳол дар ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 41 ҳазору 834 сар, чорвои майдаи шохдор 145 ҳазору 331 сар, саршумори асп 3 ҳазору 435 сар, паранда 116 ҳазору 292 сар ва занбӯри асал 7 ҳазору 627 оиларо ташкил медиҳад. Истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пилла, пашм ва асал низ дар ин давра назаррас буда, мувофиқи нишондодҳои оморӣ рӯ ба афзоиш аст.
Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро назаррас арзёбӣ карда, ба масъулин ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои рушди соҳаи кишоварзию чорводорӣ дар ноҳияи Муъминобод сол то сол шароити мусоид фароҳам гардида, мушкилоти ҷойдошта марҳила ба марҳила бартараф гардида истодаанд.
Аҳли заҳмат аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба заминдорон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми худро мегузоранд.