Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки иштироки хонандагони таълимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат назаррас мебошад. Аз ҷумла, 10 хонандаи Гимназия дар олимпиадаи фаннӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин 15 нафар хонандаи ин боргоҳи илму маърифат дар олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Эрудити-2023» аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ низ муваффақиятро ба даст оварданд. Соли равон 3 хонандаи Гимназияи мазкур дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», «Шукуфаҳои пойтахт» иштироки фаъолона намуданд.