Перейти к содержимому
 

Маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» .

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд. Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвораи бузург бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд. Дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд. Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин синамоҷашнвора баргузор мешавад.