Перейти к содержимому
 

Дар Душанбе корҳои омодагӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси қарори мазкур,   дар пойтахт баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои Пешвои миллат дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар  мамлакат  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.