Перейти к содержимому
 

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 105 фоизро ташкил дод.

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 19 миллиону 601 ҳазор сомонӣ ё 105 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзор, 5717 гектар чарогоҳ, 2109 гектар заминҳои партов ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта зироати гуногуни кишоварзӣ кишт шуд, ки ба афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ мусоидат намуд.

Фаъолияти масъулини соҳа ва кишоварзони вилояти Хатлон пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани боздеҳи замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.

Имсол дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 350391 гектар зироати кишоварзӣ кишт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 1845 гектар зиёд мебошад.