Перейти к содержимому
 

Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ.

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир  зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва   ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.