Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими љоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Барои ишғоли ҷойи 3-юм дар даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Тољикон»-оинаи таърихи миллат» 12 нафар ғолибон бо диплом, љоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм-8 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 4 нафар гирандаи ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонї қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 44 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаљми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.